Иҷлосияи наҷотбахши миллат.

Таҳти ҳамин ном дар кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ доир шуд.
Дар он сароғоз раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба нақши ин иҷлосия дар таърихи навини тоҷикон, ҳасосияти он рӯзҳо, санадҳои ҳуқуқии қабулгардида изҳори назар кард. Таъкид намуд, ки маҳз туфайли иҷлосияи мазкур ва ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат, ба хусуси Президенти кишвар тӯли 25 сол Тоҷикистон тавонист ба яке аз кишварҳои дар ҳоли рушд табдил ёбад.
Сипас устодони бахши Исфарагии ДТТ Умрониддин Араббеков ва Савриддин Мамадҷонов дар мавзӯъҳои «Иҷлосияи тақдирсози миллат» ва «Қасри Арбоб — тавлидгоҳи арбоби сиёсӣ» маърӯза намуданд.
«Дурахши ситораи миллат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин ном дошт гузориши муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Обидбой Аҳмадов. Номбурда дар гузориши худ оид ба кору пайкори Пешвои миллат ва аз вартаи нестӣ баровардани Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои ҳассос задаи асосиро гузошт.
Вакили бевоситаи иҷлосияи мазкур Гулафзо Савриддинова хотираҳои худро аз ин иҷлосияи таърихӣ баён доштанд.
Конференсияи илмӣ-амалӣ бо ширкати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» шуда гузашт.