Арҷгузорӣ ба Пешвои ормонҳои миллат

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнвораи Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзоёни ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар осоишгоҳи “Зумрад” бо шодиву фараҳ ва арҷгузорӣ ба Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар осоишгоҳи Зумрад Абдулмӯъмин Ҳалимов ба ҷаласаи ташкилоти ибтидоӣ, ки дар он 152 нафар аъзоёни ҳизб ва 57 нафар ҷонибдорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ҳузур доштанд ҳусни ифтитоҳ бахшида, онҳоро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсоз табрику таҳният намуда бо самимият изҳор кард, ки Пешвои муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон заврақи ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро ба соҳили мурод расониданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев оид ба нақш ва ҷойгоҳи Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ дар 25-соли бунёди давлати миллӣ суханронӣ карда кайд кард, ки Иҷлосияи наҷотбахши миллат ба саҳнаи таърих шахсияти бузургу нотакрореро рӯи кор овард, ки миллатро аз вартаи ҳалокат ва давлати тоҷиконро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд.

Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар осоишгоҳи Зумрад Мухтадил Ҷӯраев, табиби ҳозиқ Зуҳрулло Зоидбоев ва Усмонова Азиза дар суханрониҳои худ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори андеша карданд.

Ҷаласа аризаи 14 нафар ҷавонону кормандони осоишгоҳ, ки дар ин рӯзи саид барои ба сафи ҳизби бунёдкору созанда дохил шудан муроҷиат карда буданд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар вазъи тантанавӣ ба 21 нафар аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Фаъолони ҳизб, ки дар корҳои ободонӣ ва пешрафти ҳаёти сиёсӣ саҳми шоиста гузоштаанд, бо ифтихорномаи ташкилоти ҳизбӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзи соли равон ба осоишгоҳи Зумрад ба симои афсонавии ин гӯшаи биҳиштосои кишвар ҳусну таровати тозатар бахшид. Кормандони осоишгоҳ бо руҳу илҳоми тоза бо баробари баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бештар мароқ зоҳир карданд. Бинои асосии осоишгоҳ ва ошхона аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ба стандартҳои замонавӣ ҷавобгӯ гардид. Ҳазорҳо гулҳои тару тоза ва дарахтони ҳамешасабз қомат афрохта, ба истироҳаткунандагон ҳаловат мебахшанд.

Муҳити солим, фазои ободкориву созандагӣ имконият фароҳам оварда истодааст, ки осоишгоҳи Зумрад ба яке аз макони беҳтарини истирҳатии меҳмонони хориҷӣ низ табдил ёбад.