Таҷлили Рӯзи милитсия дар Исфара

Бахшида ба Рӯзи милитсия дар кохи фарҳанги шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū, ҷомеаҳои меҳнатū, ҳайати шахсии шӯъбаҳои 1-ум ва 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара, собиқадорон, иштирокдорони таҳкими сохти конститутсионӣ ва оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, ширкат доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори шӯъбаи якуми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара, полковники милитсия Бахтиёр Назарзода оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи милитсия» табрик намуд.
Мавсуф зимни суханронии худ, аз ҷумла қайд кард, ки милитсия яке аз шохаи тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд. Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст. Ӯ ҳамзамон аз хатарҳои ҷаҳони имрӯз ёдовар шуда, милитсияро дар муқобили ҳама гуна ҷиноятҳо мақомоти фаъол ва қудратманд номид.

Муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимū бо баробари изҳори таҳнияту муборакбодū ба ифтихори Рӯзи милитсия, таърихи таъсис ва ташаккулёбии мақомоти корҳои дохилии кишвар, нақши он дар таҳкими истиқлолияти милливу давлатū ва фазои осудаву ором дар кишварро тазаккур дод.
Зимнан гуфта шуд, ки кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.
Маҳз ҳамин истодагарӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ буд, ки дар сарзамини аҷдодиамон фазои орому осоишта ҳукмфармо буда, мардуми тоҷик баҳри ободии Ватани азиз саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ чун пештара дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояткориҳо, хоса дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта пешоҳанг буда, имрӯз бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ таъмин гардида, сатҳи дониш ва малакаи касбии ҳайати шахсū боло меравад.
Дар ин радиф саҳми мақомоти корҳои дохилии шаҳри Исфара дар ҷодаи мубориза алайҳи падидаҳои нави ҷинояткории муташаккил, аз қабили терроризму экстремизми динū, одамрабоū, гаравгонгирū, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир, куштор ва ғоратгарū зикр гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур ҳамчунин аз ғамхории доимии мақомотҳои давлатū дар самти фароҳамоварии шароити созгори корū ба кормандони мақомоти корҳои дохилū ёдоварū карда шуд.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ, ба як гурӯҳ собиқадорон ва кормандон, ки дар фаъолияти фаврӣ-хизматиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, дар фазои тантанавӣ ифтихорномаву сипоснома, рутбаҳои навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравū супорида шуданд.
Барномаи ҷолиби идонаи фарҳангū анҷомбахши чорабинū гардид.