Паёми табрикотии Раиси шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам кормандону хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ.

Басо рамзист, ки дар идомаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи иди касбии шумо — кормандони милитсияи тоҷик расман ва дар сатҳи баланду шоиста таҷлил карда мешавад, ки ин аз тасодуф нест.

Зеро, агар Конститутсия санади асосии муайянкунандаи низоми давлатдорӣ ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб ёбад, пас мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамзамон арҷгузор ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд.

Дар ин лаҳзаҳо, бо камоли мамнуният ва ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо – кормандони шӯъбаҳои якум ва дуюми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва ҳам собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо саҳми арзанда мегузоред, бо Рӯзи милитсияи тоҷик сидқан табрику таҳният мегӯям.

Ҷойизи зикр аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад.

Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: —  “Мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, яъне волоияти қонун нақши калидӣ доранд”

Метавон гуфт, ки таърихи ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳифаҳои бисёр ибратбахш ва намунаҳои заҳмати фидокоронаи ҳайати шахсии он иборат мебошад.

Мусаллам аст, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ саҳифаи наверо дар таърихи милитсияи тоҷик оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони он бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳо камар банданд.

Мақомоти милитсияи тоҷик бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳимму душвор — барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд.

Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуданд.

Давоми 26-соли соҳибистиқлолии мамлакат мақомоти корҳои дохилии кишвари мо бо садҳо гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, аз ҷумла гуруҳҳои хиёнаткору ошӯбгар рубарӯ шуда, дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ онҳоро шикаст додаанд.

Ба ин маънӣ, таърихи мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад.

Боиси қаноатмандист, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Исфара низ дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба халқу Ватан содиқона хизмат карда истодаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар яки Шумо, собиқадорони муҳтарами соҳа ва кормандони имрӯзаи мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматҳои шоёнатон сипосгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва миннатдории шахсан худамро баён менамоям.

Сулҳу амният барои ҳар давлат ва мардуми он неъмати бебаҳост ва ҳифзу пойдории ин неъмат аз фарзандони бонангу номус ва ватандӯсти он, аз ҷумла аз кормандони милитсия хизмати содиқонаро тақозо менамояд.

Шумо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоед ва бояд ҳамеша чунин бошад, зеро мардум дар симои шумо — кормандони милитсия ҳимоятгарони худро мебинанд.

Шумо симо ва оинаи давлат ҳастед ва ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, шумо  — кормандони милитсия баҳо медиҳанд.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо – кормандони соҳа дар оянда низ зимни фаъолияти худ манфиатҳои милливуи давлатиро аз ҳама боло гузошта, вазифаҳои оинномавии худро бо дарки масъулияти амиқ, дасту дили пок ва эҳсоси баланди ватандўстӣ иҷро менамоед.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ ҳар яки шумо барои иҷрои рисолати касбиатон нерўи маънавию ҷисмонӣ ва донишу маҳорати касбии худро дареғ намедоред, ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунед.

Бо чунин умедҳои нек, ба ҳамаи шумо барои хизмати софдилонаю садоқатмандона ва бошарафонаатон бори дигар, миннатдорӣ баён намуда, бароятон тандурустӣ, хонаи обод, сарбаландӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзумандам.

Ҳамеша сиҳатманду комёб бошед.

Иди касбиатон муборак, ҳомиёни содиқи халқу Ватан!