Муаллифи «Зардолу» узви Иттифоқи рассомон гардид

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намоиши 32 мусаввараҳои Саидбек Муҳаммадиев бо номи «Парвози хаёлот» баргузор гардид.

Саидбек Муҳаммадиев зодаи деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара буда, қаблан бо истифода аз ҳунару истеъдоди худ аз тариқи ширкати фаъолона дар ороиши маркази шаҳр ва иншоотҳои сершумори фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла муҷассамаи зардолуву фаввораи атрофи боғ маҳбубияти хосаеро соҳиб шудааст.

Дар мусаввараҳои ба намоишгузоштаи рассом табиати дилфиреби Тоҷикистони соҳибистиқлол, зиндагии осудаву ором ва пур аз орзуву умедҳои ширини мардуми тоҷик ва маконҳои таърихии кишвар бо нигоҳи тоза ба қалам дода шудаанд.

Ҳамзамон дар асарҳои Саидбек Муҳаммадиев саъйи ифодаи эҳсоси ишқу муҳаббат ва дўстдории зиндагӣ ба хубӣ мушоҳида мегардад.

Зимни боздид аз намоишгоҳ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва раиси бахши вилоятии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Насиба Эшонова дар вазъи тантанавӣ ба Саидбек Муҳаммадиев ва эҷодкори дигари ҷавони шаҳр Рустамбек Туйғунов дафтарчаҳои узвияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистонро супорида, изҳори умедворӣ намуданд, ки рассомон минбаъд дар баландбардории маърифати мардум, хоса ҷавонону наврасон, бедорсозии ифтихори миллӣ дар онҳо ва ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Аз ҷумла раиси бахши вилоятии Иттифоқи рассомон  Насиба Эшонова қайд кард, ки ҳуҷҷатҳои даҳ нафар барои пазируфтан ба узвияти Иттифоқ пешниҳод гардида буду аз ин ду нафар ба сафи Иттифоқи рассомон қабул карда шуданд. Ин ҳар ду низ аз Исфара мебошанд, ки далели хушсалиқа ва зебоипарасту соҳибистеъдод будани мардуми ин сарзаминро нишон медиҳад.