Робитаи мустақими шаҳрдори Исфара бо мардум

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ки ҳанӯз соле қабл, ҳамзамон бо баргузор сохтани гуфтугӯйи мустақими радиоӣ бо сокинони шаҳр дар самти баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон иқдоми тозаеро роҳандозӣ карда буд, инак боз, бо мақсади густаришбахшии робитаи мустақим бо аҳолӣ ва омӯзиши афкори умум почтаи алоҳидаи электронии худ isfaramarz@gmail.com — ро фаъол намуд.

Ба ин васила, сокинони шаҳру деҳоти Исфараро метавонанд, ки минбаъд арзу шикояти худро вобаста ба камбудию нуқсонҳои бамиёномада, сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, инчунин фикру мулоҳизаю пешниходоти худро мустақиман ба раиси шаҳр, аз ҷумла аз тариқи ирсоли мактуб, бо замима кардани аксу наворҳои тасдиқкунандаи нуқсонҳо, баён намоянд.

Мутобиқи амри Дилшод Расулзода имрӯзҳо оид ба фаъол гардидани почтаи алоҳидаи эдектронии раиси шаҳр ва ҳам телефони «Боварӣ», ки дар қабулгоҳи шаҳрдор насб шудаву ба шаҳрвандон имкони изҳори арзу шикоятҳояшонро давоми 24 соати шабонарӯз фароҳам овардааст, аз тариқи телевизион ва радиои Исфара ролики махсуси таблиғотӣ пахш мегардад.

Ҳамчунон, аз шаҳрвандони Исфара даъват ба амал оварда шудааст, ки дархост ва таклифҳои мушаххасу чорасози худро ҷиҳати роҳҳои беҳбуд бахшидани тарзу тариқи шаҳрдорӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, дар ин замина вусъатбахшии иқдомот баҳри ободонии шаҳр ва фароҳамсохти зиндагии шоистаи мардум пешниҳод намоянд.

Инчунин, дар маркази шаҳр панноҳои таблиғотӣ бо навиштаҷоти «Ободии макон аз аҳли он вобаста аст!» ва ҳам зикри суроғаи электронӣ isfaramarz@gmail.com ва рақами телефони «Боварӣ» насб карда шудаанд.

Махфияти муаллифони арзу шикоятҳои ба суроғаи электронии Раиси шаҳр, ба телефонҳои «Боварӣ», инчунин Viber –у Whats App воридгардида кафолат дода мешавад.

Ҳадаф аз роҳандозии иқдомоти мазкур таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, омўзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда, ҷонибдории минбаъда аз ташаббускориҳои мардум ва муайяннамоии самтҳои афзалиятноки фаъолият, дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи бостонӣ маҳсуб меёбад.