Махсуд Саидаминов — олими ҷавони тоҷик дар Канада

Махсуд Саидаминов

Махсуд Саидаминов аз шумори он ҷавонони муваффақи тоҷик аст, ки берун аз кишвар соҳиби кору пайкор ва мавқеи калидиро дар паҳнои илм касб кардааст.

Бо назардошти он, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанду онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст.

Ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Яке аз чунин ҷавонони муваффақ номзади илмҳои кимиё, корманди илмии Донишгоҳи шаҳри Торонтои Канада Махсуд Саидаминов мебошад.

Махсуд Саидаминов 23-юми марти соли 1988 дар оилаи яке аз фарзандони фарзонаи шаҳри Исфара профессор Исматбой Саидаминов ба дунё омадааст. Дастпарвари литсейи рақами 1 (мактаби муаллим Азизов) мебошад.

Солҳои 2003 ва 2005 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба фанни кимиё сазовори мақоми аввал ва медали тилло ва соли 2005 дар олимпиадаи байналхалқии менделеевӣ соҳиби медали биринҷӣ шудааст.

Соли 2005 ба гирифтани стипендияи Президенти ҶТ ва соли 2012 ба стипендияи Президенти Федератсияи Русия мушарраф гардидааст.

Соли 2005 литсейи рақами 1-и шаҳри Исфараро бо медали тилло хатм намудаву ба факултаи кимиёи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Маскав дохил шуда, соли 2010 онро низ бо дипломи сурх ба итмом расонида, васати солҳои 2010 — 2013 дар ҳамин донишгоҳи бонуфуз рисолаи номзадии худро ҳифз намудааст.

Давоми се соли оянда дар Донишгоҳи илмӣ — технологии Шоҳ Абдуллоҳи кишвари Арабистони Саудӣ ҳамчун “Postdoc” -докторант фаъолият дошт.

Ибтидо аз моҳи январи соли 2017 дар яке аз донишгоҳҳои соҳибэҳтироми шаҳри Торонтои Канада ба сифати корманди илмӣ кор мекунад.

Чанде пеш Махсуд Саидаминов байни беш аз 1000 нафар довталабон мукофоти Бантинг (banting.fellowships-bources.gc.ca) — ро, ки ҳамасола ба 23 нафар олимони ҷавони бахши табиатшиносии ҷаҳон аз ҷониби ҳукумати Канада дода мешавад, дарёфт намуд.

Махсуд Саидаминов муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки бархе аз онҳо дар маҷаллаҳои маъруфи илмии ИМА «Nature» ва «American Chemical Society» ба табъ расидаанд.

Олими ҷавон М. Саидаминов бо беш аз 20 гурўҳҳои илмии дунё, аз қабили гурўҳҳои илмӣ дар Оксфорд, Ноттрдам, Торонто, MIT (ИМА), ЕTH (Сюрих, Шветсария) ҳамкориҳои зич дорад.

М. Саидаминов якум шуда ҳалшавии баръакси перовскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян карда, дар асоси он роҳи нави кристалликунонии перовскитҳоро кашф намудааст.

Ин кашфиёт 5 мақолаи илмиро дар бар гирифтаву роҳи нави кристаликунонии мазкурро имрўзҳо гурўҳҳои илмии беҳтарини дунё истифода мебаранд. Кашфиёти мазкур барои такмили батареяҳои офтобӣ басо муҳим мебошад.

Кашфиёти дигари М. Саидаминов сорбенти магнитии нефт мебошад, ки дар ҷамъоварии нефти дар пайи садамаҳои гуногун ба дарёву кўл ва баҳру уқёнусҳо роҳ ёфта зарур мебошад. 1 грамм сорбенти кашфкардаи Махсуд Саидаминов метавонад то 80 грамм нефтро аз об ҷудо намояд.

Боз як кашфиёти ин олими ҷавони исфарагӣ фотодетектори нави ҳассосе мебошад, ки дар истеҳсоли дастгоҳҳои аксбардории бидуни батарея коркунанда корбаст карда мешавад.

Дар поёни суҳбат пас аз он, ки аз нияти мо дар хусуси таълифи маводе барои рўзнома огаҳӣ ёфт, Махсуд эҳтиромона хоҳиш кард, ки хизматҳои нафарони ўро ба дарёфти роҳи дурусти зиндагӣ, ба роҳи илму дониш ҳидоятнамуда падари шодравонаш Исматбой Саидаминов, модари ғамхору меҳрубонаш Мутаҳҳар Саидаминова ва устодони сахтгиру дилсўз Абдулафиз Азизову Абдуваҳҳоб Қориевро ҳатман зикр намоем.

Алъон Махсуд Саидаминов дар шаҳри Торонтои кишвари Канада ҳамроҳи ҳамсараш Нозанин ва фарзандаш Амир зиндагӣ мекунад.

Зимни суҳбати кўтоҳе бароямон дарёфтан мушкил набуд, ки Махсуд аз дастовардҳо, роҳи интихобкардаи ҳаётӣ, аз орзуву ормонҳои дар дил дошта ва умуман аз зиндагии худ розӣ аст ва аз фардо низ умедҳои зиёд дорад.

Имрўз барои Тоҷикистон маҳз чунин ҷавонон лозиманд.