Ғолибон маълум шуданд

 

Дар шаҳри Исфара давраи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони то 13-сола баргузор гардид.

Бино ба иттилои сардовари мусобиқа Абдувакос Воҳидов дар ин қувваозмоӣ 10 даста аз вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа барои дарёфти мақоми аввал қувваозмоиҳо байни дастаҳои “Фароз” ва “Ситора”-и шаҳри Душанбе ва соҳиб шудан ба зинаи сеюми ифтихорӣ байни дастаҳои Мактаби махсуси ҷумхуриявии маҳорати варзишӣ ва вилояти Суғд доир гардид.

Дар натиҷаи нишон додани маҳорати баланд ва ноилгардӣ ба нишондиҳандаи беҳтарин дастаи “Фароз”-и шаҳри Душанбе ҷоми мусобиқа ва унвони қаҳрамони кишварро соҳибӣ намуд.

Дастаҳои “Ситора” ва Мактаби махсуси ҷумҳуриявии маҳорати варзишии пойтахт мувофиқан зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.

Ба ғолибон дар вазъи тантанавӣ Ҷоми мусобиқа ва медалҳо аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва директори Лигаи футболбозони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Давлатшоев тақдим карда шуданд.